ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли равон ба арзиши 9 миллиону 400 ҳазор доллар аз Узбакистон гази табиӣ харидорӣ намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Бино бар иттилои манбаъ, вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар бораи мизон ва нархи ҳар ҳазор метри мукааб гази воридотӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон оморе нашр накардааст.
Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати энергетика дар дохили ин кишвар истихроҷи газ табиӣ дар ҳоли коҳиш аст, чунончи аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 478 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 25 дарсад коҳиш доштааст.
Ин ҳам дар ҳолес, ки дар соли 2018 Узбакистон ба Тоҷикистон 54 миллион метри мукааб газ содир карда буд.
Гази содиротии Узбакистонро бархе аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз ҷумла ширкати алюминӣ ва Тоҷиксементи ин кишвар истифода мекунанд.
Ёдрас мешавекм, ки Пеш аз ин низ Шавкат Шоҳинзода муовини раиси ширкати “Тоҷикгаз” эълом карда буд, ки дар соли равон ширкат тасмим дорад аз Узбакистон 200 миллион метри мукааб газ харидорӣ намояд.
дар ҳамин ҳол, қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки давоми ҳафт моҳи соли равон Узбакистон ба Тоҷикистон 72 миллион метри мукааб газ содирот кардааст.