Бо ташаббуси Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон нахустин ҳамоиши занони фаъол кишвар баргузор гардид.
Форум таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону духтарон –асоси рушди иҷтимоӣ аст” дар Душанбе коршиносони шинохта, олимон, таҳқиқгарон дар ин соҳа ва зиёда аз 400 занро аз соҳаҳои гуногун бо ҳам меоварад.
Дар кори форум ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди Тоҷикистон иштирок карданд.
Масъалаҳои меҳварие, ки дар ҷараёни форум мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, марбут ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии занони тоҷик вобаста буд.
Мавқеи занони сиёсатмадор дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва нақши бонувон дар рушди илм ва инноватсия яке аз бахшҳои муҳими форум буд.
Sputnik Тоҷикистон дар гузориши аксии худ чеҳраҳои бонувони намёну фаъоли ҷумҳуриро ҷамъоварӣ намудааст.