Ба гуфтаи коршиноси рус Валентина Митрофанова пешниҳод дар бораи ҷалби мутахассисон дар соҳаҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон дар ҳолати норасоии кадрӣ барои Русия судманд аст.
Коршинос қайд кардааст, ки рӯйхати мутахасисони махсус аз ҳисоби ҷойҳои кории холи, ки аз ҷониби корфармоён пешниҳод мегарданд муайян карда мешавад.
“Корфармоён ба ҷалби мутахассисони хориҷӣ назари нек доранд. <…> Ҳар як тиҷорат талаботи худро дорад, ва мехоҳад то ки дар он одамони касбҳои гуногун фаъол бошанд. Агар ин одамон дар бозори меҳнат мавҷуд набошанд, давлат бояд чорандешӣ кунад, то ки талаботи кадрӣ қонеъ гардад”, - гуфт Валентина Митрофанова ба Sputnik Тоҷикистон.
Митрофанова қайд мекунад, ки дар донишгоҳҳои олиии Русия мутахассисони соҳаҳои мухталиф ба монанди тиб, омӯзгорӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо тайёр мекунанд, аммо норасоии кадри эҳсос мегардад.
“Бисёр одамон аз рӯи ихтисосҳои худ ба кор намепайванданд. Агар шумораи хатмкунандагонро аз рӯи ихтисосашон бо талаботи бозори меҳнат муқоиса кунем набояд норасоӣ кадрӣ бошад, аммо дар аммал норасоии мутахассисон вуҷуд дорад”, - тасдиқ кард коршинос.
Вай ҳамчунин қайд намудааст, ки шаҳрвандони Русия соҳиби касбҳои гуногун мешаванд, аммо то ба корфармо намерасанд.
“Барои ҳамин чораҳои таъҷилӣ ба вуҷуд меоянд. Агар мушкил бо захираҳои кадрии дохилӣ ҳал карда нашавад, зарурати рӯ овардан ба бозори меҳнати беруна пеш меояд”, - хулоса мекунад Митрофанова.
Ёдовар мешавем, ки Митрофанова чанде пеш гуфта буд, ки муҳоҷирон Русияро барои шароити беҳтари корӣ доштан интихоби мекунанд.
“Муҳоҷири корӣ Русияро ба хотири он интихоб мекунад, ки баъзе аз шароити корӣ дар инҷо беҳтар аз кишвари худаш аст. Онҳо дар Русия кор мекунанду оилаҳои худро дар кишварашон таъмин месозанд”, - гуфт Валентина Митрофанова.
Вай инчунин қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир, сатҳи донишу ихтисоси коргароне, ки ба Русия меоянд, ба назар гирифта намешаванд.
“То чӣ андоза нафаре, ки ба Русия меояд мутахассис ҳаст? Оё донишу ихтисоси нафароне, ки ба Русия меоянд, баҳогузорӣ карда мешавад ё на? Бояд гуфт, ки имкони воридшавии муҳоҷирони ғайри касбӣ вуҷуд дорад. Мо бояд инро ошкоро дарк намоем”, - илова кард коршинос.
Митрофанова афзуд, ки барои муҳоҷироне, ки вориди Русия мешаванд хавф вуҷуд дорад.
“Муҳоҷир бояд бидонад, ки агар ӯ мехоҳад дар ягон ширкат кор кунад, ӯро расман ба кор қабул намекунанд. Дар ин сурат корфармо аз маоши ӯ ба фонди нафақа маблағ ҷудо намекунад. Ба ҳамин хотир ӯ наметавонад аз фонди нафақа ба мақомоти дахлдори Русия борои бо тартиби сода ба даст овардани шаҳрвандӣ маълумот пешниҳод намояд”, - зикр намуд коршинос Валентина Митрофанова.