Лавров бо роҳбарони ВУХ кишварҳои Осиёи Миёна масоили амниятро баррасӣ намуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел России Сергей Лавров
Министр иностранных дел России Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ашқобод бо иштироки сарони Вазоратҳои умури хориҷаи (ВУХ) Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон ҷаласа баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз дар Ашқобод бо роҳбарони Вазоратҳои умури хориҷаи (ВУХ) кишварҳои Осиёи Миёна масоили ҳамкориҳои мубрамро дар заминаи ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ВУХ ИДМ баррасӣ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ниҳоди мазкур дар Русия.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Лавров дар бораи таниши тоҷикону қирғизҳо, нияти Русия ва нақшаи Аврупо

Дар ҷаласаи Шӯрои ВУХ ғайр аз Сергей Лавров роҳбарони Вазоратҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок нкамуданд.

“Вазирҳо масоили мубрами ҳамкориҳои ҷориро дар доираи шаш кишвар дар робита ба мустаҳкамгардонӣ ва амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳо дар соҳаои иқтисодию фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамамалӣ дар сатҳи ҷаҳониро баррасӣ намуданд”, - тасдиқ кардаанд дар ВУХ Русия.

Ба маълумоти ин ниҳод, Лавров диққати бошандагонро ба ҳамкориҳои технологӣ ва иноватсионӣ дар асоси лоиҳаҳои сершумор бо иштироки ташкилотҳои Русия дар соҳаҳои гуногугни иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна ҷалб намудааст.

Ғайр аз ин дар ин мулоқот пешниҳод оид ба чорабиниҳои иқтисодӣ дар чаҳорчубаи гуруҳи васлии СҲШ-Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0