https://sputnik.tj/20191010/Habibho-ziyod-shudand-hukumat-guft-navzodhoro-ziyod-habib-nom-meguzorand-1030014962.html
Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд
Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Маскав номҳои ғайримуқаррариро, ки волидон дар пойтахт ба фарзандонашон медиҳанд, нашр кардааст, ки Ҳабиб дар садри феҳраст қарор дорад 10.10.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-10-10T17:20+0500
2019-10-10T17:20+0500
2021-04-12T14:31+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, дар русия
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, дар русия
Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд
17:20 10.10.2019 (Навсозишуда: 14:31 12.04.2021) Ҳукумати Маскав номҳои ғайримуқаррариро, ки волидон дар пойтахт ба фарзандонашон медиҳанд, нашр кардааст, ки Ҳабиб дар садри феҳраст қарор дорад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба иттилои Ҳукумати Маскав, соли равон 26 ҷуфт дар пойтахт номи фарзандашонро Ҳабиб мондаанд, ки аз ҷумлаи номҳои ғайриодӣ маҳсуб меёбад.
Бар асоси омори мақомоти Маскав, волидон инчунин ба номҳое чун Добриня ва Есения таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҷумла 315 навзод дар Маскав номи Есения гирифтаанд.
Дар рӯйхати номҳое, ки хеле кам ба навзодон дода шуданд, Лукария – 2 нафар, Евфросиня – 2 духтарча ва Феофания – 1 духтарча зикр шудаанд. Инчунин як писарро Сезар ва дигарро Огнеслав номгузорӣ кардаанд.
Афзоиши майл ба номи Ҳабиб дар Маскав дар ҳолест, ки размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти шинохтатарин нафарон дар ИДМ ва берун аз он шомил шудааст. Дар Тоҷикистон низ Ҳабиб аз шуҳрати зиёде бархӯрдор буда, ҳазорҳо нафар ҳунарнамоияшро пайгирӣ мекунанд.
Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад
Ахиран феҳристи навбатии The Muslim 500-2019 аз ҷониби Маркази таҳқиқоти стратегии исломии давлати Уммон нашр шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ ба феҳрасти бонуфӯзтарин мусалмонҳои сол шомил гардид.