Бо қарори Рустам: Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаи Ҷунайдулло Азизов оғоз бахшид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаНачало строительства новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER
Начало строительства новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мавзеъ ҳамчунин, ширкати "Декор Инвест" дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ мезосад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна, оғоз бахшиданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Меҳмонхонаи "Сафо плаза" бо тарҳу усули муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи мактаби бунёдкардаи соҳибкор Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Рӯдакӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғуломов 21 миллионашро доду боз бунёди мактаби дигарро дар Кӯлоб ба уҳда гирифт

Тибқи иттилои манбаъ, иншоот дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли сохта мешавад ва дар он қариб 60 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки меҳмонхонаи замонавӣ аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат мебошад. Дар меҳмонхонаи сеситорадор дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар бинои муосир ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, толори варзиш, кинотеатр, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки дар ороиши намои берунаи бино нақшу нигори миллӣ истифода бурда мешавад.

"Дар ин мавзеъ ҳамчунин аз тарафи коргарони ширкати "Декор Инвест" дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи нақша, 22 бинои истиқоматии дар ин ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошанд. Кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешавад.

Шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят кардааст.

Лентаи хабарҳо
0