Тоҷикистон шумори дақиқи бознишастагонро эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПожилой человек сидит на скамейке, архивное фото
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии омори назди ҳукумати Тоҷикистон шумори дақиқи бознишастагони кишварро дар гузориши охири худ эълон карда аст

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Ожонсии омори Тоҷикистон ахиарн дар гузориши ба интишор расонидааш аз шумори бознишастагон дар кишвар хабар додааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ваъда дод: дар Тоҷикистон музди кор, нафақа ва стипендия то 15 дар сад боло мешавад

Бино бар иттилои Ожонсии омор, бар аввали моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон 700 ҳазору 870 бознишаста ба қайд гирифта шудааст.

Ожонсӣ қайд намудааст, ки шумори бознишастагон дар аввали сол беш аз 680 ҳазор нафарро ташкил медод.

“Маблағи пардохти нафақа ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январ-августи соли равон бо дарназрдошти бақия дар аввали сол беш аз 1 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил додааст”, - иттилоъ додааст Ожонсии омор.

 Маблағи умумии пардохти нафақа ва кумакпулӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни бознишастагӣ расидаанд, дар соли 2018 2 миллиарду 344 миллион сомониро ташкил дода буд.

Инчунин, масъулини ин Ожонсӣ таъкид намуданд, ки дар буҷети Тоҷикистон барои як сол барои пардохти суғурта ва ҳимояи иҷтимоӣ 3,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0