Шумораи ҷиноятҳо дар Хатлон каму дар Суғд зиёд шудааст

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон шумораи ҷинояткорон ва қонуншикан афзудааст. Ин дар ҳолест, ки шумораи онҳо дар Суғд зиёд, аммо дар Хатлон кам шудааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Агентии омори назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи ҷинояткорӣ дар кишвар иттилоъ додааст.

Шумораи ҷиноятҳои қайдшуда дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба 16 ҳазор расидааст, ки 2,1 дар сад  нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Лопата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштанду гӯронданд: боздошти муттаҳамон баъди 3 моҳи ҷиноят

Аз шумораи умумии ҷиноятҳо 3,5 ҳазори онҳо ба гуруҳи ҷиноятҳои “вазнин” шомил мебошанд, ки ин 2% камтар мебошад нисбати ҳамин давраи соли гузашта.

Дар раддабандии ҷинояткорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон вилояти Суғд ғолиб будааст. Дар ин минтақа сатҳи ҷинояткорӣ то ба 10,5 дарсад боло рафтааст. Дар ҷойи дуюм ноҳияҳои тобеи марказ бо зиёдшавии 7,8% қарор гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон кам шудааст ва ин дар муқоиса ба соли 2018 ба миқдори 9,5 дар сад камтар шудааст.

Зиёдшавии қонуншикани аз ҳисоби дӯздӣ (3,3%), қаллобӣ (1,7%) ва авбошӣ (4,7%) зиёд шудааст.

Қариб ба чаҳоряк маротиба нисбати соли 2018 сатҳи ҷиноятҳои зер поин рафтаанд: таҷовуз ба номус, дӯздӣ, роҳзанӣ ва ҷиноятҳои алоқаманд бо маводҳлои мухаддир.

Инчунин бояд зикр намуд, ки ифшои ҷиноятҳо нисбати соли гузашта 2 дар сад зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0