Созиши Юсуф Раҳмон бо мақомоти Қатар барои табодули иттилоъ

© Sputnik / Амир ИсаевРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Доҳа қарор дорад, ҳамроҳ бо Алӣ бин Фетаис ал-Маррӣ, додситони кулли давлати Қатар ёддошти тафоҳуми ҳамкориро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситони кулли Тоҷикистон, мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Алӣ бин Фетаис ал-Маррӣ 8 октябри соли равон дар шаҳри Доҳа баргузор шуд.

Панджшерское ущелье - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Раҳмон аз гуфтушунид бо Толибон: ӯ дахолати беруниро бадбахтии асосӣ гуфт

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Аз ҷумла дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Додситонҳои кулли ду кишвар алоқамандияшонро ба тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ, аз ҷумла зарурати фаъол намудани табодули таҷриба ва иттилоот байни прокуратураҳои генералии ду кишвар дар соҳаи ҳуқуқӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид кардаанд.

Барои фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба Қатар гурӯҳи корӣ ташкил мешавад

Инчунин Юсуф Раҳмон бо сарвазири Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0