ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як марди 37-солаи сокини деҳаи Комсомоли ноҳияи Н.Хусрав дар пайи як ҷанҷоли хонаводагӣ бо ҳамсари 32-солааш ӯро чӯбдаст латукӯб намуда, сипас як маротиба бо корд ба қафаси синааш задааст.
Шавҳар ба мақомоти милиса муроҷиат кард, ки аз калтакҳои ҳамсар халосаш кунанд...
Бино бар иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия марди 37-солаи сокини деҳаи Комсомоли ноҳияи Носири Хусравро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии инсон дастгир намуданд.
“Номбурда, рӯзи 30-юми сентябри соли равон, тахминан соати 11:00, дар ҳавлии истиқоматиаш бо оилааш зани 32-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, бо кори хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст”, таъкид намудааст манбъ.
ВУД: марде дар Варзоб гулӯи ҳамсарашро буриду манзилашро оташ зад
Тавре манбаъ зикр намудааст, дар натиҷа, ҳамсари марди 37-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.
Ҳоло кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.