Боздошти роҳзанҳои мусаллаҳ дар Маскав: сипоси Колоколтсев ба Раҳимзода-видео

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури хориҷии Русия, ба мақомоти Тоҷикистон барои кумак дар таҳқиқи парвандаи роҳзанҳои мусаллаҳи тоҷик дар минтақаи Маскав изҳори миннатдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия навори ҷаласаи Мушовараи якҷоя бо мақомоти умури дохилии Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он Колоколтсев аз натиҷаҳои хуби ин ҳамоишҳо тавсиф намуд.

"Кумаки саривақтии ҳамкорони тоҷикистонӣ барои анҷоми таҳқиқи парвандаи ҷиноии роҳзанӣ алайҳи 6 узви гуруҳи муташаккили мусаллаҳ мусоидат кард, ки аксари аъзои гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд", - изҳор дошт вазири умури дохилии Русия зимни ҷаласаи мушовараи якҷоя дар Маскав.

Ба иттилои Колоколтсев, гуруҳи мазкур дар силсилаи роҳзанию ғоратгариҳо дар минтақаи Маскав аз моҳи декабри соли 2016 то июни соли 2017 даст дошт.

Ӯ аз ҳамкориҳо дар бахши боздошти муттаҳамони фирорӣ истиқбол карда, сафари ҳайати оперативии Русия ба Тоҷикистонро зикр намуд, ки моҳи марти соли равон сурат гирифтааст.

Владимир Колокольцев и Рамазон Рахимзода провели заседание Объединенной коллегии министерств внутренних дел Российской Федерации и Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Афви муҳоҷирону муносибати хуби пулис: хостаҳои Раҳимзода дар Маскав

"Тайи чанд рӯзи ҳамкорӣ макони 78 муттаҳами фирорӣ муайян карда шуд. Ин натиҷа нишони ояндадор будани чунин шеваи ҳамкорӣ мебошад", - таъкид намуд Колоколтсев.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба Колоколтсев барои боздошту истирододи муттаҳамон изҳори сипос карда, хостори густариши ҳамкориҳо гардид. Ӯ инчунин бо зикри шарикии стратегии ду кишвар таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия бояд ҳамкории зичтар ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0