ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7 октябр бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, ки бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Нуридинҷон Исмоилов дар Тошканд қарор доранд, мулоқот намуд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Бар хабари манбаъ, Зуҳуров қабл аз мулоқот барои пазироии самимӣ ба раисҷумҳури Узбакистон изҳори сипос намудаст
"Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад", - афзудааст Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Парлумони Тоҷикистон се соли роҳбарии Шавкат Мирзиёвро давраи ислоҳоти муҳим ва тағйирот дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон номид.
Зуҳуров афзудаст, ки сол қабл муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя сарду яхбаста буданд, вале бо ба сари қудрат омадани Мирзиёев ин сардиҳо комилан об шуда, давраи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон оғоз ёфт.
Баҳои баланди Шавкат Мирзиёев ба маҳорату таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон
Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар миёни 10 тағйироти мусбати Узбакистон, ки дар давраи раёсати Шавкат Мирзиёев ба вуҷуд омаданд, нуқтаи аввал — самти наздикшавӣ бо ҳамсоягон танҳо дар ҷои аввал қарор дорад.
Зимнан Шавкат Мирзиёев низ дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду давлати дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.
"Муносибатҳои воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни Тошканд ва Душанбе минбаъд низ бо дастгирии шахсии дӯсти ман, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар нафъи манофеи мардумони Узбакистону Тоҷикистон таҳким хоҳанд ёфт", - иброз доштаст Шавкат Мирзиёев.
Гузашта аз ин дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.