Варзишкори ММА аз Узбакистон баъд аз муҳориба даргузашт - навор

Обуна шудан
Ворзишкори ММА аз Узбакистон баъд аз муҳориба дар мусобиқаи шаҳри Грозний, дар бемористон пас аз се рӯз даргузашт

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта (ММА) аз Узбакистон Бекзод Нурматов, се рӯз пас аз мағлубшавиаш дар мусобиқаи АСА 100, ки ахиран дар шаҳри Грозний, Ҷумҳурии Чеченистон баргузор шуд, дар бемористон ба ҳалокат расидааст иттилоъ додааст сомонаи sports.uz.

Дзюдоист Толиб Джебов с отцом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толиб Ҷебов: дар сабқати Грозний хобам бурд

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Нурматов дар мусобиқи мазкур, ки рӯзи 4 октябри соли равон баргузор шуда буд бо варзишкори русӣ Беслан Исоев рақобат кардааст. Дар ин муҳориба Нурматов аз дасти варзишкори русӣ шикаст хурд.

Хабар дода шудааст, ки баъд аз муҳориба саломатии Нурматов хуб буд ва ҳатто ӯ майдонро худсарона тарк кард. Аммо баъд аз чанд лаҳза Нурматов худашро бад ҳис карда, аз ҳуш меравад ва ба кома меафтад.

Ба иттилои пизишкон варзишкори узбакистонӣ ба сактаи дил гирифтор шуда аст. Давоми се рӯз вазишкор бе ҳуш буд ва дар бемористон даргузашт. Варзишкори узбакистонӣ дар синни 28-солагӣ аз олам даргузашт.

Давоми варзишкориаш дар ММА Бекзод 11 маротиба ғолиб шуда буд ва ду маротиба шикаст хурд.

Баҳори соли гузашта дар 22-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо дар Русия Бекзод Нурматов соҳиби медали тилло гашта буд.    

Лентаи хабарҳо
0