Сабрина Зуҳурова дар бораи хонадоршавӣ ва "тарк" - и озмунҳои зебоӣ гуфт

© Facebook / Sabrina ZukhurovaСабрина Зухурова - таджикская модель
Сабрина Зухурова - таджикская модель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабрина Зуҳурова зебосанами тоҷик, ки пӯшидани "бикини" - ро дар озмуни зебоии “Miss Tourism World” рад кард, гуфт дигар дар озмунҳои зебоии байналмилалӣ ширкат нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сабрина Зуҳурова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ширкат дар озмуни зебоии “Miss Tourism World”, ҳаёти шахсӣ ва дидгоҳи мардум ба муделҳо, нақл кард.

Сабрина Зуҳурова, ки Тоҷикистонро дар озмуни зебоии “Miss Tourism World” намояндагӣ мекард, чанд даврро гузашта, ба “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуд.

Баъди ба рӯйхати “Панҷгонаи беҳтарин”-и озмуни мазкур шомил шудан, доварон аз Сабрина хоҳиш кардаанд, ки дар саҳна бо “бикини” бирақсад, вале Сабрина инро рад кардааст.

"Ин ширкати нахустини ман дар озмунҳои зебоии байналмилалӣ нест. Ман бо худ пӯшок гирифта будам, ки ҳамаи аъзои баданро мепӯшонад, вале баргузоркунандагон ба мо пӯшоки қариб бараҳнаи ранги зард пешниҳод карданд ва ман албатта аз ин намоиш даст кашидам. Бале, ман домани кӯтоҳ мепӯшам, ман мудел ҳастам, вале ин маънои онро надорад, ки ман метавонам бараҳна ба саҳна бароям", - гуфт Сабрина ва афзуд, ки барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар аст.

 

Ширкати Сабрина дар озмуни зебоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро барангехтааст. Бархе аз корбарон ба ӯ офарин мехонанд, ки ба унвони баланд ва саҳнаи бузурги байналмилалӣ нигоҳ накарда духтари тоҷик шарафу номусро авлотар донистааст, вале гурӯҳи дигаре ӯро умуман барои мудел буданаш маломат мекунанд.

Сабринаро шарҳҳои беҷо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нороҳат кардааст. Ӯ бо таассуф мегӯяд, замоне ба Ватан бозгашт ба ҷои пешвоз ва дастгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҷоти беҷоро дид.

"Ман дар ин озмуни бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ кардам, ба панҷгонаи беҳтарин шомил шудам, ба ҷои дастгирӣ, дар шарҳи аксҳоям алфози беҷоро дидам", - мегӯяд бо таассуф Сабрина.

Сабрина аз озмуни “Miss Tourism World” хотираҳои хуб дорад, вале дигар намехоҳад дар озмунҳои зебоии байналмилалӣ ширкат кунад.

"Мудел будан, шуғли дӯстдоштаи ман аст. Ман то имрӯз дар ин ҷода ба ҳамаи орзӯҳоям расидам. Дар озмуни “Miss Tourism World” бо духтарон аз дигар кишварҳо ошно шудам. Ҳар яке дар бораи кишвару миллати худ нақл мекард. Аз ин озмун хотираҳои зебое дорам. Вале, дигар намехоҳам дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат кунам. Чун ба фиркам вақти хонадор шудан расидааст", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Сабрина Зуҳурова.

 

 

Озмуни зебоии “Miss Tourism World” дар Ҷумҳурии мардумии Чин рӯзии 20-уми август оғоз ёфта, рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.

Сабрина ҳамагӣ 24 сол дорад ва хатмкардаи риштаи иқтисоди ДМТ мебошад. Дар “Ориёнбонк” кор мекунад ва харҷи иштироки Сабринаро дар озмун бонки мазкур ба зиммаи худ гирифтааст.

То ин замон Сабрина дар чандин озмунҳои зебоӣ ширкат карда ва пирӯз шудааст. Айни замон Сабрина ба даври дуюми озмуни "Зебосанам - 2019" роҳ ёфта, ҳадаф дорад дар ин озмуни ватанӣ ҷои аввалро аз худ кунад.

Лентаи хабарҳо
0