ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Як ширкати тавлиди либос ва рӯймол дар Малайзия ба муносибати оғоз ба кори худ 10 ҳазор рӯймоли роягон ба занони мусалмон ҳадия медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба сомонаи ИНКО.
Бино бар иттилои манбаъ, ин ширкати тавлидии Аффаҳиҷоб дар Малайзия тасмим гирифтааст ба занони мусалмон 10 ҳазор рӯймоли абрешимӣ ҳадия намояд.
“Ин рӯймолҳо, ки дар рангҳои мутанавие аз обии рушан гирифта то гулобак ҳастанд аз абрешим бо сифати боло тавлид шуда, ки дар зери нур бисёр дурахшон ба назар мерасад”, -таъкид намудааст манбаъ.
Таҳияи абрешим аз нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон ва пешхариди он дар ҳаҷми боло боиси коҳиши ҳазинаҳо ва поин омадани нархи ин рӯймолҳо шудааст ва тавлидкунандагон умедворанд рӯймолҳоро ба ҳамаи занони мусалмон ҳадия кунанд.