ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Рӯзи 7 октябри соли 2019, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумур, дар ҷараёни суҳбати самимӣ ва дӯстона Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намудааст.
"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурги Владимир Путинро дар раванди рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои босамари миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан омодагӣ ба талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар ва ба хотири таъмини суботу амнияти минтақа баён гардидааст.
Путин ба Раҳмон ҳам занг заду ҳам барқияи табрикотӣ равон кард
Қаблан сарвари давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Русия барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 7 октябр 67 сола мешавад. Сухангӯи кишвардор Дмитрий Песков гуфт, ки Путин зодрӯзашро бо аҳли хонавода дар иҳотаи табиат таҷлил хоҳад кард.