ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, озмуни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” миёни кормандони мақомот баргузор шуд.
“Дар ин озмун 16 корманд аз мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар 3 давр иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти холҳо, доварони озмун ба хулосае омаданд, ки 3 иштирокчӣ ғолиби озмун ҳисобида шавад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ваколатдори калони оперативии Раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД, капитани милитсия Авазшо Саидов ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - капитани адлия М.Ҳамдамов ва лейтенанти хурди адлия Беҳрӯз Воситов, ғолиб эълон шуда, бо медалҳои сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Шоҳрух Саидзода барои овардани Хӯҷа-Командир ба Дубай рафт
Манбаъ афзуд, ки ба иштирокчиёни фаъоли ин озмун барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ раҳматномаҳо аз номи вазири умури дохилӣ супорида шуд.