Наздик ба 25-соли роҳбарӣ дар курсии Президент: боз як соли дигари Эмомалӣ Раҳмон дар акс

Обуна шудан
Панҷуми октябри соли равон Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 67-сола шуд. Наздик ба 25-сол аст, ки ӯ роҳбари Тоҷикистон аст ва дар аксари чорабиниҳои кишвар иштирок мекунад

Дар гузориши аксӣ тамоми чорабиниҳои азиме, ки имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар онҳо иштирок намудааст ҷамъоварӣ шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Лукошенко ба Раҳмон таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро таманно кард

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Пешсафии Мирзиёев: нахустин шуда Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба Раҳмон ҳам занг заду ҳам барқияи табрикотӣ равон кард

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Зодрӯз муборак: Тоқаев ва Жээнбеков телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Тоҷикистон интихоб гардид.

Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДидори таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар минтақаи марзӣ
Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Дидори таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар минтақаи марзӣ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Русия Владимир Путин
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Русия Владимир Путин
© © Sputnik / Амир ИсаевМаросими ба кор андохтани агрегати дуюми НБО "Роғун"
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Маросими ба кор андохтани агрегати дуюми НБО "Роғун"
© POOL / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани гулчамбар ба қабри аскари номаълум дар Маскав .

Президент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани гулчамбар ба қабри аскари номаълум дар Маскав .

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЛаҳзаи эҳсосӣ: ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор сокинони маҳалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон акси модарашро тақдим карданд.
Эмомали Рахмон встретился с жителями и активистами Зафарободского района - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Лаҳзаи эҳсосӣ: ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор сокинони маҳалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон акси модарашро тақдим карданд.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҳамсараш дар вилояти Суғд
Эмомали Рахмон с супругой в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҳамсараш дар вилояти Суғд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБоздиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш аз боғи миллии Ваҳдат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Эмомали Рахмон с супругой - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш аз боғи миллии Ваҳдат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОғози сохтмони роҳи "Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин". Мулоқоти роҳбари кишварбо сохтмончиён
Начало реконструкции дороги Куляб - Шамсиддини Шохин - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Оғози сохтмони роҳи "Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин". Мулоқоти роҳбари кишварбо сохтмончиён
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнии Иди Харбуза
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на мероприятиях Праздника дыни (Иди Харбуза) - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнии Иди Харбуза
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкМулоқоти ғайрии расмии роҳбарони Беларус, Русия ва тоҷикистон дар шаҳри Минск
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Республику Беларусь - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Мулоқоти ғайрии расмии роҳбарони Беларус, Русия ва тоҷикистон дар шаҳри Минск
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Масчоҳ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Масчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТақдими нақши бародари раисҷумҳур дар Данғара
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры  - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Тақдими нақши бародари раисҷумҳур дар Данғара
Лентаи хабарҳо
0