Ҷонибек Муродов зидди сурудхонии занон: саҳна ҷойи зан нест

Обуна шудан
Овозхони шинохтаи Тоҷикистон Ҷонибек Муродов мегӯяд, зидди он аст, ки ягон зан ё духтар аз авлоди ӯ овозхон шавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҷонибек Муродов дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи Оила изҳор намудаст, ки саҳна ҷойи зан нест ва намехоҳад, ягон бону аз авлоди ӯ овозхон шавад.

Клип Джонибека Муродова - Sputnik Тоҷикистон
Бештар аз ним миллион боздид дар You Tube аз намоҳанги нави Ҷонибек Муродов дар 4 рӯз

Ин овозхони тоҷик мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон нисбати сарояндаҳои зан назарӣ манфӣ дорад ва  аз ин рӯ намехоҳад аз хонаводаи ӯ зан - сароянда шавад.

"Ҷонибек Муродов касбашро дигар мекунад"

Муродов мегӯяд, барои занон дар Тоҷикистон касбу кори мувофиқ бисёр аст, бигзор зани тоҷик духтур ва ё муаллима шавад. Аммо сароянда шудан ба занони тоҷик зебанда нест, - мегӯяд ин овозхони саршиноси тоҷик.

Гузашта аз ин Муродов дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи мазкур изҳор намудааст, ки дар вақтҳои оригӣ бештар ба мутолиаи китоби муқаддаси Қуръон машғул аст.

Ҳаводорони Қадами Қурбон меафзоянд: Ҷонибек Муродов ӯро ба Душанбе даъват кард

Ин овозхони тоҷик ба суоли мухбир дар мавриди маблағгузорӣ намудани чанд донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар нахост ҳарф занад. Муродов гуфтааст агар хайри кардагии худро расонаӣ кунад, пас он назди Худованд қабул намешавад.

"Ҳар мусалмоне, ки Худованд барояш молу сарват додааст, бояд ба нодорону ятимон кӯмак расонад. Амри  Худост ин, на ҳарфи як ҳофизи эстрадаи тоҷик", - афзудааст Ҷонибек Муродов.

Лентаи хабарҳо
0