Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 5 октября
День 5 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ, рӯзи умумиҷаҳонии муаллим, рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ ва дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ таҷлил мешавад

 

Рӯзи 5 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1502 Хрисофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуд.

День 4 октября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1823 дар Англия нахустин маҷаллаи тиббӣ бо номи "Лансет" ба нашр оғоз намуд.

Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд  ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон  ҳалок шуданд.

Соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон  оғоз гардид.

Соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.

Соли 2006 дар Чин автобусҳои махсусе пайдо шуданд, ки барои иҷрои ҳукми қатл истифода мешуданд.

Соли 2016 дар Брюссел нишасти вазирони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин конференсия бахшида ба мавзӯи Афғонистон баргузор гардид.

Рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 Тоҷикистон ба Интерпол пайваст.

Соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман оғоз шуд.

© © Sputnik / Амир ИсаевСтройка новой мечети в Душанбе
Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Стройка новой мечети в Душанбе

 

Соли 2012 Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаш санадро ба имзо расонданд. Аз ҷумла Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон. Бар асоси ин созишнома пойгоҳи Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонк201-я российская военная база в Таджикистане. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
201-я российская военная база в Таджикистане. Архивное фото

 

Соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Гавхар Шарофзода - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод ба Ҳукумат: Раҳмон баҳсҳоро нолозим, имлоро нофаҳмо ва грамматикаро куҳна хонд

Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр 

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ. Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.
  • Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.
  • Дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ.

Рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • Эмомалӣ Раҳмон (1952) – райиси ҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон.
  • Сулаймон Анварӣ (1946) – адабиётшинос.
  • Анушервон Бикасиён (1955) -ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунариТоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
  • Облоқул Бозоров (1932) – доктори илми фалсафа, профессор.
  • Ҳабибулло Имоддӣ (1937) – нависанда.
  • Ақназар Қурбонмаҳмадов (1940) – доктори илми фалсафа, профессор.
  • Мансур Муллоев (1923 – 1997) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
  • Раҳмон Набиев (1930 – 1993) – арбоби давлатӣ.
  • Ҳасан Наққош (1925 – 1986) – шоир ва адабиётшиноси арабтабор.
  • Фаррух Неъматзода (1959) – рассом.
  • Юсуф Нуралиев (1936) – доктори илми тиб, профессор.
  • Ҷумъағозии Кирей (1929)- ҳайкалтарош.
  • Xӯрақули Аҷиб (1950) - шоири узбакзабони Тоҷикистон, мутарҷим.
  • Фурқати Саид (1967) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Ҳошим Раҳим (1908 – 1993) – адабиётшинос, мутарҷим, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Қурбоналӣ Яъқубов (1949) – найнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Саидқул Билолов (1953) – сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
  • Честер Алан Артур - 21-умин президенти ИМА (1829).
  • Рамазан Қодиров – райиси ҷумҳури Чеченистон, Қаҳрамони Русия (1976).
Лентаи хабарҳо
0