Шавҳари Оқила Уроқова, бо роҳи фиреб ҳамсарашро, ки соҳиби ду фарзанд мебошад ба саргардониву ғарибӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Дар хориҷ шавҳарашро дастгир карданду, зан дар кишвари бегона бо кӯдаконаш танҳо монд.
Ӯ дар навор нашршуда дар бораи бозгашташ ба Ватан нақл дорад.
Дар аввал оила ба Эрон сафар кардаасту ду ҳафта дар хонаи наздиконашон зиндагӣ карданд. Сипас онҳо ба Покистон куч доданд. Дар аввали муҳоҷирати онҳо ба мушкилоте рӯ ба рӯ нашуда буд.
“Рӯзи 17 маи соли 2017 буд. Бо мошин 17 рӯз дар роҳ будем, сипас шавҳарам омад”, - мегуяд зан.
Ин оила дар Покистон се сол зиндагӣ карда, дар кишвари бегона соҳиби ду фарзанд шудааст.
“Соли 2014 дар онҷо ҷанг шурӯъ шуд. Болои мо ҳавопаймоҳои ҷангӣ парвоз мекарданду бар сари мо бомб меандохтанд. Мо талош мекардем пинҳон шавем. Мо Худоба шукр зиндаву саломат мондем”, - таъкид намуд Оқила.
Баъд аз ин, Уроқова ҳамроҳ бо шавҳараш ба Афғонистон куч медиҳад. Зиндагии оила дар ин кишвар чандон сабук набуд. Онҳо сахтиҳои зиёде кашиданд. Шавҳараш ба сохтмон машғул шуд то оилаи худро таъмин намояд, Оқила ба тарбияи фарзундон ва нигоҳубини хонааш машғул шуд.
“Ман ҳамеша ба шавҳарам мегуфтам, ки мехоҳам ба Ватан баргардам. Дар Тоҷикистон ду духтари дигарам монда буд. Ман ҳамеша гиря мекардаму аз шавҳарам хоҳиш мекардам, ки маро фиристад”, - ба ёд меорад зани тоҷик.
Аммо ба гуфтаи вай шавҳарашро шахсони бегона аз роҳ мезаданд ва ба ӯ мегуфтанд ҳамаи занҳо ҳамин тавр рафтор мекунанд ва ба онҳо бояд гуш надод.
Баъд аз якуним сол, шавҳарамро низомиёни афғон ва амрикоиҳо боздошт карданд. Зан бо падараш тамос гирифт ва хоҳиш кард, ки ба ӯ барои бозгашташ ба Ватан кумак кунад. Падараш ваъдаи кумакро дод.
“Аз шавҳарам давоми се сол хабаре набуд. Ман намедонистам ӯ зиндааст ё мурда. Аз падарам фаҳмидам, ки шавҳарам дар Тоҷикистон аст”, - нақл мекунад Оқила дар навор.
Нафаре бо номи Абубакр ба занҳои танҳо кумак мекард ва баъд аз навиштани дархост барои бозгашт пас аз 6 моҳ ба ӯ иҷозат доданд, ки ба Ватан баргардад.
Бо кумаки мақомот, падар ва дуои модар Оқила бо кӯдакҳои ноболиғаш ба Тоҷикистон баргашт.