ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Украина ҳавопаймои АН-12 дар наздикии фурудгоҳи Лвов дучори садама шудаст. Дар ин бора вазири инфрасохтори Украина Владислав Криклий дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар додааст.
Криклий гуфтааст, иллати асосии ба садама дучор шудани ҳавопаймо, ин тамом шудани сӯзишворӣ аст.
Нишасти изтирории ҳавопаймо дар киштзор баъди парвоз аз фурудгоҳи Жуковский
Зимнан қайд мешавад, ки ҳавопаймои мазкур мебоист парвози чартериро анҷом медод.
"Ба маълумоти пешакӣ, бар асари ин ҳодисаи нохуш 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Садама ба айби тамом шудани маводи сӯхт рух додаст. Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз ёфтааст", - зикр намудааст,Владислав Криклий.
Ҳамзамон раҳбари Вазорати инфрасохтори Украина, ба хешу пайвандони ҳалокшудагон дар садамаи ҳавопаймо, изҳори ҳамдардӣ намудааст.