ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Президенти UFC Дейни Уайт шарти рақобати эҳтимолии қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо варзишкоре, ки аллакай фаъолияташро қатъ кардааст - Сен-Пер, гуфт, хабар медиҳад MMA Junkie.
"Аввал рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон баргузор хоҳад шуд, агар Ҳабиб пирӯз шавад, хуб мешуд бар зидии Ҷорҷ Сен-Пери ба октагон барояд", - изҳор дошт Дейни Уайт.
Ногуфта намонад, ки соли 2019 Ҷорҷ Сен-Пери эълон кард, ки аз ҷаҳони варзиш канор меравад, вале ба хотири рақобат бо Ҳабиб бозгашт.
Падари Нурмуҳаммадов макони баргузории рақобати навбатии Ҳабибро гуф
Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.
Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад
Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия варзишкор гуфт, 80 дарсад бовар дорад, ки рақобати навбатӣ дар Русия баргузор мешавад.
Аз тилло гаронтар : "футболка" - и рақобати Ҳабиб ва Пуареро 100 ҳазор доллар фурӯхтанд
Бояд гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти варзишиаш 28 бор ба майдон баромада ва пирӯз шудааст.