Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти деҳқони шинохтаи кишвар Камол Мадумаров

Обуна шудан
Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, яке аз шинохтатарин ангурпарварон, раиси хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дар синни 80- солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт

Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Мадумаров занг зада ҳамдардӣ баён кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Ширак

“Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хост”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Инчуунин манбаъ қайд намудааст, ки Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст.

Камол Мадумаров яке аз чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли ахир тамоми меҳмонҳои баландпоя, аз ҷумла президентҳои кишварҳо ва хабарнигорони хориҷиро барои меҳмонӣ ба боғи маҳз ҳамин ангурпарвар мебурданд.

Дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбакистон ба хоҷагии ангурпарварии ӯ мошини сабукрав тақдим карда буд.

Камол Мадумаров, аз таъсисдиҳандагони хоҷагии “Боғи Сомон” ва яке аз нафарони бонуфузу боэҳтиром дар шаҳри Турсунзода ба ҳисоб мерафт.

Лентаи хабарҳо
0