То соли 2021 Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви ЭКО интихоб шуд

© Sputnik Третье совещание министров туризм стран ОЭС
Третье совещание министров туризм стран ОЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳри Душанбеи Тоҷикистон барои ду соли оянда ба унвони пойтахти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ин тасмим дар иҷлосияи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви ЭКО, рӯзи 4-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд гирифта шуд.

Статуя Исмаила Самани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахт “Душанбе ситӣ” ва шаҳраки дипломатҳо бунёд мешавад

Вазирони сайёҳии ҳафт кишвари узви ЭКО аз интихоб шудани шаҳри Душанбе -пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, барои то соли 2021 ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳодӣ Сулаймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё (ЭКО)  дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ба ҷузъ интихоби пойтахти сайёҳӣ, онҳо дар ин ҷаласа ҳамчунин масоили раводид ва ё визаи ягона барои гардишгарони хориҷии қаламрави ин Созмон – ро барои як сол баррасӣ кардаанд.

“Мо дастовардҳои бисёр муҳиме дар мавзӯъи туризм дар минтақаи ЭКО доштем. Дар ин иҷлос усули гардишгрӣ ва туризми пойдор ба тасвиб расид ва минбаъ барномаву тарҳҳои муҳим бар асоси ин усул дар кишварҳои узви ЭКО шакл хоҳад гирифт. Яке аз ин раводид ё визаи воҳид мебошад. Ин имкон медиҳад бар ивази даҳ виза, як визаи содда барои гардишгари хориҷӣ  вуҷуд дошта бошад, то тавонад ба роҳатӣ дар минтақаи ЭКО ҳаракат бикунад”, - гуфт Сулаймонпур.

Имсол Тоҷикистон кишвари мизбони ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буд, ки иҷлосияи он рӯзҳои 3-4-уми октябр дар шаҳри Хуҷанди Суғд баргузор гардид. Дар кори он ба ҳисоби Тоҷикистон вазирони сайёҳии кишваҳои узви ЭКО:  Эрону Афғонистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбакистон,  Покистону Туркия, Озорбойҷон ва Узбакистон иштирок доштанд.  

© Sputnik Третье совещание министров туризм стран ОЭС
То соли 2021 Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви ЭКО интихоб шуд - Sputnik Тоҷикистон
Третье совещание министров туризм стран ОЭС

Қарор шуд, баъд аз шаҳри Душанбе, шаҳри Ардабири кишвари Эрон дар соли 2022, пойтахти сайёҳии кишварҳои узви ЭКО интихоб карда шавад.

Дар ин ҷаласа вазирон ҳамчунин нақшаи амал оид ба сайёҳӣ, таҷдид ва шарҳи Нақшаи амал оид ба экотуризм, Лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳии кишварҳои узви ЭКО - ро матраҳ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0