ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран Дмитрий Медведев сарвазири Русия барномаи кӯчонидани ҳамватанонро ба вилояти мазкур то соли 2021 тамдид намуд, хабар медиҳад сомонаи маҳаллии Первый Смоленский.
Бар хабари манбаъ, ба вилояти Смоленск аз ҳисоби буҷаи давлат, ба хотири қабули намудани кӯчбастагон аз кишварҳои дуру наздик, 3 миллион рубли русӣ ихтисос дода шудааст.
Гуфта мешавад, маблағи ҷудошуда барои фароҳам овардани шароит ба ҳамватанони кӯчбаста ва ҳамзамон баланд бардоштани иқтидории меҳнатӣ равона мешавад.
Мақомоти вилояти Смоленск тасмим гирифтаанд, давоми се соли оянда беш аз 1000 нафар ҳамватанонро қабул намоянд.
Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ
Зимнан, маврид ба зикр аст, ки сар аз соли 2013 ба вилояти Смоленск беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Озарбойҷон ва Арманистону Молдова тариқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон кӯч бастаанд.