ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс аз 3 то 13 октябри соли равон дар шаҳри Улан Удэи Россия давом меёбад, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.
Бар хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни 69кило намояндагӣ мекунанд.
Расонаҳо: Мавзуна Чориева бо хонаводааш ба садама афтод
Варзишгарони тоҷик бо роҳбарии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева бо ин мусобиқа сафарбар шудаанд.
Гуфта мешавад, қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд. Муҳорибаҳои варзишгарони тоҷик аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад.