Ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар Қазоқистон

© Foto / Пресс-служба ФГУП «Госкорпорация по ОрВД»Cовещание Координационного Совета и Координационной группы экспертов "Евразия" прошло 23-26 сентября в Алматы
Cовещание Координационного Совета и Координационной группы экспертов Евразия прошло 23-26 сентября в Алматы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва гуруҳи ҳамоҳангсози коршиносони “Авруосиё”, ки дастраскунандаҳои хадамоти аэронавигатсионии кишварҳои ИДМ-ро ба ҳам меорад, рӯзҳои 23 – 26 сентябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд

Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои дастраскунандаи хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон, Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, инчунин ҳайатҳо аз корхонаҳои саноатии соҳавӣ, Созмони байналмилалии ҳавонавардии мулкӣ – ICAO, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ – IATA ва Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ иштирок карданд.  

Корхонаҳои ҳавонавардии узви Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” аз фаъолияташон баъди ҷаласаи қаблӣ, ки моҳи апрели соли равон баргузор шуд, гузориш дода, ҳисоботи натиҷаи кори Гуруҳи ҳамоҳангсози коршиносонро шуниданд.

Ҷонибҳо инчунин дурнамои татбиқи тарҳҳои муштаракро баррасӣ карда, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар умури ташкили ҳаракати ҳавоиро таъкид намудаанд.   

Зимни чорабинӣ салоҳияти раёсат дар “Авруосиё” аз зиммаи корхонаи воҳиди федералии “Корпоратсияи давлатии ташкили  ҳаракати ҳавоӣ дар Федератсияи Русия” ба уҳдаи муассисаи давлатии “Казаэронавигатсия” мунтақил шуд.

© Пресс-служба ФГУП «Госкорпорация по ОрВД»Ҷаласаи 37-уми Шӯрои “Авруосиё” бо иштироки масъулини ниҳодҳои дастраскунандаи хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон, Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва бархе аз созмонҳои байналмилалии ҳавонавардии мулкӣ баргузор шуд
Ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар Қазоқистон - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи 37-уми Шӯрои “Авруосиё” бо иштироки масъулини ниҳодҳои дастраскунандаи хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон, Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва бархе аз созмонҳои байналмилалии ҳавонавардии мулкӣ баргузор шуд

Игор Моисеенко, мудири кулли Корпоратсияи давлатии ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар Русия, аз натиҷаҳои кори Шӯрои “Авруосиё” дар аҳди раёсати Русия - аз соли 2016 то 2019 гузориш дод. Ӯ ҳамчунин авлавиятҳои рушди созмонро дар дурнамо қайд кард.

Роҳбари Корпоратсияи давлатии ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар Русия дар бораи тағйири миқёси ҳаракат ва дастоварди барномаҳо барои таҳкими марказҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ дар Русия суҳбат намуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи таъмини мунтазамию амнияти парвозҳо дар лаҳзаҳои зиёд будани шиддат, дар бораи ба истифода додани фурудгоҳи Гагарин дар Саратов ва хатти сеюми фуруду парвоз дар майдони ҳавоии Шереметево нақл кард.

Моисеенко муфассалтар аз навсозии Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар Русия гуфта, авлавиятҳо дар масоили омодасозии мутахассисону бозомӯзиро зикр намуд. Ӯ муҳимияти табодули таҷриба дар ҳамгироии низомҳою ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба низоми воҳиди ҳавонавардӣ таъкид кард.  

Ҳайатҳо ва меҳмонони даъватшуда ташкили хуби чорабиниро аз тарафи мизбон – корхонаи давлатии “Казаэронавигатсия” таҳти роҳбарии Азат Бектуров махсус зикр намуданд. Дар охири ҳамоиш, расман эълон шуд, ки ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” баҳори соли оянда баргузор мешавад.

Матлаб дар заминаи тиҷоратӣ нашр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0