ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Интизор меравад, рӯзҳои 16-20 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад – "Дидор 2019" баргузор мешавад.
Дар кори ҷашнвораи мазкур намояндагони 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Аз ҷумла мустанадсозони Чехия, Фаронса, Узбакистон,Амрико, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Исроил, Эрон, Ҳолланд, Олмон, Бритониёи Кабир, Афғонистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуда, филмҳои мустанади худро пешкаши тамошобинон мекунанд.
Гуфта мешавад,ҷашнвораи имсола ба поси хотири Мамадқул Арабов, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад баргузор мешавад.
Дар чорчӯби ҷашнвора 57 филми мустанад дар мавзӯҳои гуногун намоиш дода мешавад.
Намоиши филмҳо дар толори кинотеатри "Зебунисо" барпо мегардад.