ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бар хабари сухангӯйи ВУД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петровна, кормандони пулис пас аз латукӯб намудани ду муҳоҷир аз кор ронда шуданд.
Петровна мегӯяд, онҳо бо ин амали худ шарафи кулли кормандони мақомоти дохили Русияро паст заданд.
Зимнан қайд гардид, ки кормандони пулисро ба ҷузъ аз вазифа бенасиб шуданд, ҳамзамон ҷавобгарӣ дар назди қонун низ интизор аст.
Дар Маскав ниқобпӯшони силоҳбадаст муҳоҷиронро ғорат ва латукӯб карданд
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи латукӯби ду муҳоҷир аз ҷониби кормандони пулис дар ноҳияи Балашиха сурат гирифта буд.
Гуфта мешавад, маъмурини пулис вориди манзиле шудаанд, ки муҳоҷирони корӣ ба таъмири он машғул буданд. Онҳо муҳоҷиронро зери мушту лагад қарор дода, маблағ талаб мекарданд.
Боздошти 80 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар вилояти Владимир
Дар натиҷа, муҳоҷирон барои раҳо шудан аз чанголи пулис худро аз ошёнаи дувум ба замин партофтанд ва осеби ҷисмонӣ ёфтанд.
Феълан муҳоҷирони корӣ дар яке аз бемористонҳои ноҳияи Балашиха қарор доранд.