ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Зебо Муҳиддиновна Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986).
Зиндагиномаи Зебо Аминзода
Аминзода 3 октябри 1948 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав дар назди Театри калони ИҶШС, Мактаби олии рақсу хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд.
Солҳои 1965 – 1978 - ҳунарпешаи Театри мусиқиву драмаи ба номи А. Пушкин.
Солҳои 1978 – 1993- роҳбарии бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии "Зебо"-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон.
Зебо Аминзода: барои ман санъатфурӯшӣ - виҷдонфурӯшист
Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардааст.
Ансамбли мазкур барандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбарии он унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС-ро касб кардааст.
"Базми Зебо": Тоҷикистон 55-солагии фаъолияти эҷодии Зебо Аминзодаро таҷлил мекунад
Солҳои 1993 – 1996 – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ширкати байналмилалии радио ва телевизиони "Мир", солҳои 1996 – 2003 – мушовири ШБРТ "Мир", баъд мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ.
Зебо Аминзода: чиҳил соли рақс ва ё имрӯз "Зебо" чӣ аҳвол дорад
Соли 2012 ба ватан баргашт ва дар Хуҷанд мактаби рақсии худро таъсис дод.
Соли 2014 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ансамбли рақсии "Зебо" ба Душанбе омад.
Соҳиби се писар ва ҳафт набера аст.