Вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Хуҷанд ҷамъ меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази вилояти Суғд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.  Рӯзҳои 3 ва 4 октябр дар шаҳри Ҳуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Дар Данғара хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд

Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи ҷаласа нахуст ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланд (HLEG) оид ба сайёҳӣ доир гашта, рӯнамоиҳои кишварҳои узв муаррифӣ мегарданд.

Сипас Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3-юми вазирони сайёҳии узви ЭКО, қарорҳои ҷаласаи 2-юми вазирони ЭКО оид ба сайёҳӣ,  Нақшаи амал оид ба сайёҳӣ, таҷдид ва шарҳи Нақшаи амал оид ба экотуризм дар минтақаи ЭКО, Лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳии ЭКО, лоиҳаҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ, интихоби пойтахти ЭКО оид ба сайёҳӣ, вусъат додани ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, раводиди ЭКО барои сайёҳӣ, шабакаи операторҳои ЭКО-тур (бастаи ECO Tour), таҳияи Эъломияи Хуҷанд, макони баргузории ҷаласаи навбатӣ, тасдиқи гузориши лоиҳаи ҷаласаи 3-юми вазирон оид ба сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба сайёҳии кишварҳои узви ЭКО мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Минтақаи ЭКО бо масоҳати беш аз 8 миллион километри мураббаъ аз марказ ба ҷануб ва ба ҷанубу ғарби Осиё тӯл мекашад ва тақрибан 450 миллион аҳолӣ бо зебоиҳои табииву гуногуншаклии мероси таърихиву фарҳангии худ шинохта шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, аз ин ҷиҳат, минтақаи ЭКО дорои иқтидори бузург ва яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳон маҳсуб ёфта, хотираҳои Роҳи қадимаи Абрешимро эҳё мекунад.

Лентаи хабарҳо
0