ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил Агибой Смагулов номаи сипос омадааст.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Меҳмони фахрӣ: иштироки Орумбекзода ва ҳунармандони тоҷик дар фестивали Узбакистон
Гуфта мешавад, ки дар матни нома ҷаноби Смагулов аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба вазири фарҳанг ва аҳли кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Манбаъ афзуда, ки Смагулов барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи XXXIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, меҳмондӯстӣ, барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, изҳори сипос кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXXIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ 18-19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазирони фарҳанг, муовинони аввал, муоивонон ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ аз кишварҳои ИДМ баргузор гардида буд.
Орумбекзода: мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мустаҳкамтар шуд