Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 2 октября
День 2 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 2 октябр дар ҷаҳон чун рӯзи бибиҳо ва бобоҳо, рӯзи ханда, рӯзи бидуни хушунат ва зодрӯзи Махатма Ганди таҷлил мешавад

Рӯзи 2 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии  спиртӣ пас аз манъ кардан дубора роҳандозӣ шуд.

CC0 / Pixabay / Спиртные напитки
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Спиртные напитки

Соли 1941 амалиёти “Тайфун”, нақшаи Гитлер барои гирифтани Маскав, оғоз шуд.

© APАдольф Гитлер. 1936 год
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Адольф Гитлер. 1936 год

Соли 2002 дар Ҷопон бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 2005 Итолиё бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.

© PxhereРим, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Рим, архивное фото

Рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 хатсайри ҳавоии самти Тошканд - Душанбе - Гарм – Хоруғ роҳандозӣ шуд.

Соли 1932  дар шаҳри Хуҷанд калонтарин (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.

День 17 августа - Sputnik Тоҷикистон
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ "Diplomatic World" (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони "Меъмори сулҳ" мақола нашр намуд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нақл мекард.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе,  Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Германия Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи "Тоҷиксемент" дар шаҳри Душанбе, иштирок ва суханронӣ намуд.

Соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр 

  • Рӯзи бибиҳо ва бобоҳо дар Итолиё.
  • Рӯзи ҷаҳонии ханда
  • Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат.
  • Ганди Ҷаянти —  зодрӯзи Махатма Ганди.
© Public DomainМахатма Ганди
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Махатма Ганди

Рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • Соли 1946 - Ҳусейн Аминов – доктори илми тиб, профессор;
  • Соли 1930 - Яъқуб Аълоев – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
  • Соли 1938 - Шарофат Ёрова - актрисаи театр;
  • Соли 1951-2009 - Мафтун Xӯра - шоири узбекзабони Тоҷикистон;
  • Соли 1965 - Маҳваш (Марҳабо Сулаймонова) - шоира;
  • Соли 1912 - 1989 - Ҳикмат Раҳматуллоев – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
  • Соли 1956 Галина Собирова – актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
  • Соли 1954 Фирӯз Улмасов - санъатшинос- мусиқишинос;
  • Соли 1934 - 2009 - Абдураҳим Ҳоҷибоев – доктори илми иқтисод, профессор;
  • Соли 1947 Дӯстназар Шерматов – доктори илмњои физикаю математика, профессор;
  • Соли 1941 - 1978 Қиматшо Шоискандаров – оҳангсоз, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Лентаи хабарҳо
0