ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов рӯзи 1 - уми октябр бо судури як фармон, Вазири умури дохилӣ Искандар Муликовро аз вазифа сабукдӯш намуда, ҳамзамон аз тамоми мукофотҳое, ки дар давоми фаъолияти корияш соҳиб шуда буд, маҳрум намуд.
Гузашта аз ин раисҷумҳур рутбаи ӯро аз палковник ба майор иваз кард, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.
Манбаъ меафзояд, ки раисҷумҳур фармони мазкурро дар ҷаласаи муштараки ҳукумат ва Шӯрои давлатии амнияти Туркманистон ба тасвиб расонд.
Бердимуҳаммадов дар “Дарвозаи дӯзах”: видеои нави истироҳати раисиҷумҳур - навор
Бердимуҳамедов гуфт, ки барои камбудиҳои ҷиддӣ дар кор, сӯиистифода аз мақоми хизматӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои худ, Муликов аз вазифаи сардори Вазорати корҳои дохилӣ сабукдӯш карда шуда, аз ҳамаи ҷоизаҳои давлатӣ низ маҳрум карда мешавад.
Зимнан раисҷумҳур аз он ёдовар шуд, ки дар вақти фаъолияташ ӯро 12 маротиба танбеҳи шадид дода буд, аммо номбурда ҳамоно ба хулосаҳои зарурӣ нарасид.
Нахустин навори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов баъди хабарҳои “даргузашташ” - видео
Ҳамзамон Бердимуҳаммедов дар ин симмат Маҳмадхон Чакиевро таъин намуд.
Собиқ вазири умури дохилӣ бошад, дар курсии вазири умурии дохилӣ аз соли 2009 ба ин сӯ фаъолият намуда буд.