Навсозии лӯлаи обу ташноб дар Хоруғ баъди 60 сол

CC0 / Pixabay / Старые краны, архивное фото
Старые краны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон се созишномаро ба тасвиб расондааст, ки бевосита ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рабт доранд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ,  шартномаи якум ин ҷудо намудани чор миллион евро, аз ҷумла  ду миллион грант ва ду миллион қарзи имтиёзнок, барои барқарор намудани хати обу ташноби шаҳри Хоруғ мебошад.

Мост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ соҳиби пули мошингузар гардиданд

Шартномаи дуюм дар бораи ҷудо намудани чор миллион евро - ду миллион грант ва ду миллион қарзи имтиёзнок, барои тоза кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ мебошад.

“Умед аст, ки дар муддати чор сол хати оби дохили шаҳри Хоруғ ва ташноб, ки солҳои 60 уми асри гузашта сохта шуда буд, аз нав сохта шавад. Идораи хоҷагии манзил ва обу ташноб инчунин соҳиби техника, таҷҳизот ва бинои кории муосир хоҳанд шуд. Маблағ аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки шартномаи сеюм миёни Тоҷикистону Чин дар бораи коркарди нуқра дар кони Якҷилваи ноҳияи Мурғоб мебошад.

Ҳукумати маҳаллии ВМКБ тавзеҳ додааст, пешниҳоди кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғоб ба Чин, ин ягон фурӯш ё додани боигарии табиӣ ба ивази қарз нест, балки ҷалби маъмулии сармоя мебошад.

Лентаи хабарҳо
0