Мақомоти Узбакистон 235 шаҳрвандашро аз Сурияву Ироқ боз мегардонад

© Пресс-служба президента УзбекистанаГраждане Узбекистана возвращены на родину из Ближнего Востока
Граждане Узбекистана возвращены на родину из Ближнего Востока - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран Вазири умури хориҷаи Узбакистон эълон намудааст, ки кишвараш аз Сурия ва Ироқ 235 нафари атбои худро боз мегардонд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти Шӯрои амнияти СММ эълон кард Узбакистон 235 шаҳрвандашро аз Сурияву Ироқ боз мегардонад.

Таджикские медики провели полную мед обследование возвращённых детей из Ирака - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд

Вай гуфт, пештар тавассути Узбакистон 156 шаҳрванди ин кишвар, ки бештар зану кудак буданд аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ба меҳан бозгардонда шудааст.

Вай таъкид кард, ки ин амалиёт сахт ва ҳамроҳ бо риск будааст.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон изҳор дошт, имрӯз Узбакистон мунтазири бозгардондани 65 кудак аз Ироқ ва 170 нафар аз Сурия мебошад.

“Дар ин замина мо ниёзманди кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мухталиф мебошем”, - таъкид кард Комилов.

Камилов афзуд, Узбакистон омодаи ҳамкорӣ аст ва аз таҷрубаи бозгардондани онҳо ба як зиндагии оддӣ ва созгорӣ бо ҷомеа, дастрасӣ ба барномаҳои омӯзишӣ ва дигар барномаҳои иҷтимоӣ бархӯрдор аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 майи соли ҷории милодӣ ба дастури раисиҷумҳури Узбакистон 156 шаҳрванди ин кишвар, ки бештар зану кӯдак буданд аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ба меҳан бозгардонда шуданд.

Женщина с ребенком в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бозгашти хонаводаҳои ҷангҷӯён кумак хоҳад кард

Бар асоси бархе оморҳо, шаҳрвандони беш аз 93 кишвар аз ҷумла Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Тунис, Арабистони Саудӣ, Туркия ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар байни террористҳои мустақар дар Сурия ҳузур доранд.

Ба гуфтаи мақомҳои Тоҷикистон, дар солҳои ахир беш аз 1900 нафар ба Ироқ ва Сурия рафта ва ба гуруҳҳои террористӣ ҳамчун ДОИШ пайвастаанд, ки беш аз 500 нафари онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Беш аз 250 кудаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ ҳузур доштаанд, ки пеш аз ин 84 кудак аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0