ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Имрӯз дар марзи баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон пули "дӯстӣ" ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
© SputnikИфтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ифтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
© Sputnik
Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони пул 75 ҳазор сомонӣ ва Қирғизистон низ тақрибан ҳамин миқдор сом масраф намудааст.
Дарозии пул 12 метр ва бараш 8 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Sputnik Тоҷикистон, пойдевори пулро ҷониби Тоҷикистон ва плитаҳои болои онро тарафи Қирғизистон сохтаанд.
Дар маросими ифтитоҳи пул раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва губернатори вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ширкат хоҳанд кард.