Муҳриддин дар Ню-Йорк гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди чӣ мубориза мебарад

© МИД РТВыступление министра иностранных дел Таджикистана Сироджидина Мухриддина в Ню-Йорке
Выступление министра иностранных  дел Таджикистана Сироджидина Мухриддина в Ню-Йорке  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазир тоҷик гуфтааст, ки Тоҷикистон ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳошияи СҲИ ҷонибдорӣ намуда, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ чораҳои самаранок меандешад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Рӯзи 27 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-юми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад. 

Национальные флаги  государств-членов Организации исламского сотрудничества (ОИС) - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ

Ба ҷои Сироҷиддин Муҳриддин ба нишасти СҲИ Ҳусейнзода Музаффар рафт

Зимни суханронӣ Муҳриддин қайд намудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими нақши СҲИ дар ҳалли масъалаҳои олами ислом ва таҳкими ҳамкориҳо дар ҳалли мушкилиҳои имрӯза мебошад.

Мансаби нав: сафири ҶТ дар Эрон эътимодномаашро ба Дабири кулли СҲИ супорид

Инчунин, вазир изҳор доштааст, ки Тоҷикистон мунтазам ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла дар ҳошияи СҲИ ҷонибдорӣ намуда, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ чораҳои самаранок меандешад.

Пешниҳодҳои Маҳмадаминов дар СММ ҷонибдорӣ шуданд

Лентаи хабарҳо
0