Ба номи нафақахӯрону ба кисаи мансабдор: "Расулова 333 ҳазор сомониро аз худ кардааст"

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Майсара Расулова, мақомдори Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Расулова ҳангоми кор дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Сино, маблағро бо истифодаи номи нафақахӯрон ва сӯиистифода аз ваколотаҳои мансабӣ аз худ кардааст.

Пополнение счета через банковский терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози парванда алайҳи Боқиева барои азхудкунии миллион сомонии нафақахӯрон

Ба иттилои Ожонс, Расулова давоми солҳои 2017 - 2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 шаҳрванд ба маблағи умумии 333 ҳазору 508 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронидааст. Манбаъ афзуд, ки сипас мақомдори муттаҳам ин маблағро тавассути кортҳои пластикии бонки давлатии “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Ожонси мубориза бо фасод, зарари расондаи Расуловаро ба давлат махсусан калон арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки алайҳаш бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.

Русия ба муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ пардохт мекунад

Тибқи иттилоия, алайҳи Расулова бо моддаи 245 – азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ва моддаи 340 - барои сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Назари худи Майсара Расулова дар бораи иттиҳоми эълонкардаи Ожонси зидди фасод феълан маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0