Дар маъракаи интихоботӣ аз 9.6 миллион раъйдиҳандагон танҳо 2 миллион овоз доданду халос

© AFP 2023 / JAVED TANVEERВыборы в Афганистане, архивное фото
Выборы в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маъракаи интихоботи раисҷумҳурии Афғонистон, аз миёни 9 миллион овоздиҳандагон, ки қаблан аз ҷониби Комиссияи мустақили интихоботӣ сабти ном гардида буданд, ҳамагӣ 2 миллион иштирок доштанду халос.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба иттилои хабаргузории TOLO News бар асари таҳдиду ҳамалоти ҷангиёни толибон дар ҷараёни интихоботи раисҷумҳурӣ наздики 1331 марказҳои раъйдиҳӣ ба рӯйи интихобкунандагон баста буданд.

Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло раъйяшонро ба қуттиҳои интихоботӣ ворид карданд

Ҳамчунин дар он рӯз Комиссияи интихоботӣ ҳамагуна тамос бо 870 раъйдиҳандаро низ комилан гум намуд.

Манбаъ меафзояд, ки то соати 16:40 дақиқаи рӯзи 28 - уми сентябр, аз миёни 9.6 миллион озодиҳандагоне, ки қаблан  сабти ном шуда буданд, танҳо 2 милиони онҳо ба марказҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй доданд.

Таркиши интиҳорӣ дар як маркази раъйдиҳии интихоботи раисҷумҳурӣ дар Афғонистон

Зимнан, ба иттилои Хадамоти амниятии Афғонистон дар рӯзи баргузории интихоботи президентӣ дасти кам 34 нафар аз аъзоёни гуруҳи толибон безарар гардида, ҳамзамон аз ҳамалоти 18 ҷангии дигар пешгирӣ карда шуд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои пайдарҳами ҷангиёни толибон, маъракаи интихоботии раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон баргузор шуд.

Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

Ин маърака аз соати 7:00 то соати 16:45 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ давом кард, гарчанде қаблан гуфта мешуд, ки интихобот соати 15:00 дақиқа ҷамъбаст мешавад.

Барои дарёфт намудани курсии раёсатҷумҳурӣ дасти кам 17 номзад, бо шумули раҳбарии феълии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва сарвазири ин кишвар доктор Абдулло Абдулло талоши пирӯз шуданро доштанд.

Лентаи хабарҳо
0