Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

Обуна шудан
Ҳафт миллиону 800 ҳазор чинӣ аз намоишгоҳи байналмиллалии боғдории ин кишвар, ки аз моҳи апрел дар Пекин дар ҳоли баргузорӣ аст боздид кардаанд ва ғурфаи Тоҷикистон аз пурбоздидтарин бахшҳои ин намоишгоҳ аст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии боғдории Чин, беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзии боғдорони тоҷик дар маърази диди умум қарор гирифтааст, хабар додааст “Парс тудей”.

Автомобильный завод Камаз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз таҷҳизот то автобусу КамАЗ: тоҷикистониҳо сифати маҳсулоти Русияро интихоб мекунанд

Ба гуфтаи Иззатуллоҳ Сатторӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон мизони муомилаҳои маҳсулоти кишоварзии ин кишвар бо Чин дар панҷ моҳи нахусти имсол ба 6 миллиону 429 ҳазор доллар расидааст, ки як миллиону 93 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон аст.

Гелос, лиму ва меваҳои хушк аз маҳсулоти кишоварзии содиротии Тоҷикистон ба Чин ба ҳисоб меояд.

Вай гуфтааст, ки бар асоси барномаи ҳамокриҳои омӯзишӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ҳамасола 100 нафар аз донишмандон ва мутахассисони бахши кишоварзии Тоҷикистон барои омӯзиши технологиҳои нави чинӣ дар улуми кишоварзӣ ба Пекин сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони чинӣ ба ин ашхос роҳҳои нави кошт ва бардошти биринҷ, пахта ва эҷоди гулхонаро омӯзиш медиҳанд.

Ҳамчунин чандин тарҳ дар бахши кишоварзӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар чорчуби барномаи "Як камарбанд-як ҷодда" иҷроӣ хоҳад шуд. 

Лентаи хабарҳо
0