Афзоиши духтароне дар Қирғизистон, ки мехоҳанд бакоратро барқарор кунанд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМолодые люди встречают закат на пляже, архивное фото
Молодые люди встречают закат на пляже, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пизишк мегӯяд аксари духтарон, ки бештар дар интернет фаъол ҳастанд, пеш аз тӯй ба шаҳват дода мешаванд ва баъд мехоҳанд барои барқарор кардани бакорат ҷарроҳӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон шумораи духтароне, ки мехоҳанд тариқи ҷарроҳӣ бакораташонро барқарор кунанд, афзудааст. Дар ин бора духтури занона Аида Арстанбекова дар суҳбат бо радиои Sputnik Қирғизистон гуфт.

СММ аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ташхиси бакоратро аз байн барад (навор)

"Барои гузаронидани ҷарроҳии гименапластика (барқарор кардани бакорат) бисёриҳо муроҷиат мекунанд, вале омори дақиқ дар ин самт нест. Ҳамкоронамон аз дигар табобатхонаҳо дар ин бора мегӯянд. Пештар чунин муроҷиатҳо тамоман набуд. Бо пайдо шудани интернет духтарон хабар ёфтанд, ки мешавад, тариқи ҷарроҳӣ бакоратро барқарор кард", - шарҳ дод Арстанбекова.

Вазорат: ҳеҷ вақт ба ташхиси бакорат дастур надодаем ва намедиҳем

Бештари духтарон барои шавҳар кардан аз ин намуди ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0