ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолона ва дастаҷамъона варзишгари маъруф Дилшод Назаровро ҷонибдорӣ мекунанд.
Варзишгари тоҷик ахиран ба истеъмоли маводи тавонбахшӣ - допинг гумонбар дониста шуд. Аммо мухлисон ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин иддаои ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук боварӣ надоранд ва онро қотеъона маҳкум мекунанд.
Дилшод Назаров муваққатан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум гардид
Зимнан ҷонибдорони Назаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ даъват намуданд, ки ба ҳамаи иддаои бофтаи ин ниҳод бовар накунад ва рӯҳафтода ҳам нашавад, зеро онҳо ба бозиҳои мунсифонаи ӯ бовари доранд .
"Барои мо Дилшод қаҳрамон буд, ҳаст ва мемонад", - мегӯянд мухлисони ӯ дар Instsgram.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Бо ин мақсад вакили мудофеи шинохтаи аврупоиро ҷалб кардам, ки аз ҳаққу эътиборам, дар сурати зарурат то марҳилаи додгоҳӣ ҳимоят хоҳад кард. Умед дорам, ки дар ояндаи наздик номи неки худро барқарор мекунаму парчами давлатамонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз боло мебардорам”, - таъкид намуд Назаров.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи сешанбе Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.
Дилшод Назарови 37-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.