Раисҷумҳур меъёри андозситонӣ дар Узбакистонро коҳиш дод

© © Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле
Шавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо судури як фармон меъёри андозситониро то 15 дарсад коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон меъёри андозситонӣ аз даромадҳоро аз 20 фисади қаблӣ  то ба 15 дарсад коҳиш дод, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Президенты Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон посетили парк имени Низомиддина Алишера Навои в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои баланди Шавкат Мирзиёев ба маҳорату таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳур қаблан зимни як ҷаласа Вазорати молияи Узбакистонро  муваззаф намуд, то барои поин овардани  меъёри андозситонӣ чораҷӯиҳои фаврӣ амалӣ кунад.

Нашри акси набераи Шавкат Мирзиёев дар Instagram

Қайд мегардад, ки бо поён овардани ҳаҷми меъёри нави андозситонӣ ба буҷаи ин кишвар солона 10 триллион сӯм ё дар ҳаҷми 2 дарсад аз ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зарар ворид мекунад.

Рустами Эмомалӣ ба пешвози раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев баромад

Ин иқдоми Шавкат Мирзиёевро коршиносони масоили иқтисодӣ беҳбуд бахшидан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар заминаи таҳрири нави Кодекси андоз баррасӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0