"Дастархони Суғдӣ" меҳмоннавозии тоҷикону сарҷамъии дигар миллатҳо дар Суғд

Обуна шудан
Баргузории ҷашнвораи “Дастархони Суғдӣ”, дар Хуҷанд намояндаи якчанд халқу миллатҳоро гирди ҳам овард. Иштироккунандаҳо ҳам ба чорабинӣ дасти холӣ наомаданд. Анвоъи хурданиҳое, ки зеби дастурхони онҳост ва ҳам мусиқии асилро маърази тамошобинон намуданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ин чорабинӣ, ки Фестивали байналмилалии таронаҳои дустӣ таҳти номи “Дастархони Суғдӣ” бахшида ба 85 - солагии нашрияи русзабони ҳукумати Суғд "Согдийская правда" дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд доир гардид.

Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон
"Дастархони суғдӣ" : дар Қасри ба номи Лоиқ Шералӣ ба нӯҳ забон суруд иҷро мешавад

"Согдийская правда" зимнан нахустнашрияи русзабони ҳукуматӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ки аз соли 1934 ба ин тараф бо номҳои гуногун нашр мешавад. Дар соли 2011 ин нашрия аз "Ленинабадская правда" ба "Согдийская правда" тағйири ном кард. Ин нашрия ҳоло ҳафтае ду маротиба бо теъдоди беш аз 3 ҳазор ададӣ чоп мешавад.

Ташаббускорони "Дастархони Суғдӣ", мегӯянд, ин номи рамзии чорабинӣ буда, ифодакунандаи якчанд халқу миллатҳост, ки дар вилояти Суғд кору зиндагӣ мекунанд. Дстархон, сарҷамъии миллатҳои тоҷику русу тотор, қазоқу қирғиз, узбаку куриё ва чинро дар Суғд бозгуй мекунад.

Ҷашнвораи беҳтарин либос барои хона, кор, фароғат, кӯдакон ва солхӯрдаҳо

Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини раиси вилояти Суғд, гуфт, ки Фестивали байналмиллалии таронаҳои дӯстӣ "Дастархони Суғдӣ", ки ба 85-солагии нашрияи "Согдийская правда" дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, густариши равобити кишвари Тоҷикистонро бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор ва хориҷи дур ифода мекунад.

"Дар ҳудуди вилояти Суғд, намояндаи халқияту миллатҳои гуногун зиндаги мекунанд, ки ҳар кадом дорои маданият ва урфу одатҳои хоси худ ҳастанд. Баргузории фестивали байналмиллалии таронаҳои дӯстӣ "Дастархони Суғдӣ" ҳам ба хотири гиромидошти санъати мусиқии халқияти кишварҳои ИДМ аст",-  афзуд Баҳодурзода.

Шумори бошандагони миллатҳои гуногуни дунё дар Суғд дақиқ нест, вале гуфта мешавад, ки бештари онҳо ҷамъият ва диаспораҳои худро доранд.

Панҷ ҷашн дар 1 рӯз дар Хуҷанд: Раҳмон ба ошхуру палавхури беҳтарин пул дод

"Дастархони Суғдӣ" бо ташаббуси ҳукумати Суғд баргузор шуда ва мубтакиронаш мегуянд, ин ҷашнвора анъанаи меҳмоннавозии миллати тоҷикро дар миёни дигар миллатҳо собит мекунад.

Лентаи хабарҳо
0