ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз Жак Ширак, собиқ раисҷумҳури Фаронса ва яке аз чаҳраҳои шинохта дар сиёсати Фаронса ва ҷаҳон дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Париж даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Хабари даргузашти Ширакро рӯзи имрӯз дар Париж хонаводааш тасдиқ кард.
Жак Ширак, аз соли 1995 то соли 2007 уҳдадори мақоми раисҷумҳури Фаронса буд.
Жак ширкат то ба мақоми раисҷумҳур расиданаш, дар вазифаи вазири кишоварзӣ, нахуствазири Фаронса ва раиси шаҳри Париж фаоълият кардааст .
Аз филмҳо ё барномаҳои телевизиюн, ки вай дар он нақш доштаастметавон ба таксӣ 2-ишора кард. вай дар як лаҳзаи ин филм нақш бозӣ кардааст.