ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба арзиши 16 миллиарду 272,1 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1,6 миллиард доллар масолеҳи саноатӣ тавлид шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми масолеҳи саноатии тавлидшуда дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 13,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
“Рушди тавлиди маводи энержӣ ва ғайриэнержӣ, тавлиди маводи ғизоӣ, пардозиши чӯб ва тавлидоти бофандагӣ боиси болоравии ҳаҷми масолеҳи саноатӣ шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Ахиран Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 4,6 миллиард доллар ё 44 миллиарду 893,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% рушд ёфтааст.
Нигаронии Азим Иброҳим аз камсамарии илми тоҷик дар истеҳсолот: 170 нерӯгоҳ кор намекунанд
Манбаъ афзудааст, ки дар низоми ММД болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – ба 13,3 фоиз баробар шудаст. Ин нишондод дар ҳашт моҳи соли гузашта 12,9% буд. Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ - 8,3%, муомилоти савдои чакана - 8,5%, боркашонӣ - 4,7% ва хизматрасонии пулӣ - 2% афзоиш ёфтаанд.
Масъулини Вазорат, дар шарҳи афзоиши ҳиссаи саноат дар низоми ММД, ки дар 8 моҳ ба 17,9% баробар шудааст, изҳор доштаанд, ки болоравӣ ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии Тоҷикистон рабт дорад.