Аҳмадзода хостори беҳтар намудани вазъи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд шуд

© PixabayРыба, архивное фото
Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд хостори беҳтар намудани вазъи моҳипарварӣ ва зиёд намудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилоят шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, машварати кории барпо кард, ки дар он вазъи соҳаи моҳипарварӣ мавриди таҳлил қарор гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни ҷаласа таъкид намудааст, ки дар вилоят ба рушди соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир дода шавад.

Рыбный базар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Моҳипарварӣ дар Тоҷикистон: тавлидот бештар, вале нарх ҳам гаронтар

Вай афзуд, ки дар вилоят 27 хоҷагии моҳипарвар бо масоҳати 158,7 гектар фаъолият дошта, барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти моҳӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Мақомоти вилоят барои рушди соҳа аз соли равон аз Русия 11,5 миллион кирминамоҳии пешонағафс, амури сафед ва сазанро ворид намуд. Кирминамоҳиҳо барои парвариш ва нигоҳубин ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ тақсим гардидааст.

Ҳамзамон дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд зикр намудааст, ки дар вилоят дар асоси барномаҳои давлатӣ соли равон истеҳсоли 295 тонна гӯшти моҳӣ дар назар дошта шуда, ба ҳолати якуми сентябр 113,3 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят пас аз таҳлилу баррасии вазъи мавҷуда ба муовинаш, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ дастур дод, ки барои зиёд намудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои бо ин мақсад ҷудошуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0