Тоҷикистон ба маблағи беш аз 37 милион доллар кумаки башардӯстона дарёфт намуд

© Sputnik / Игорь Маслов / Гузариш ба медиабонкСотрудник МЧС России во время разгрузки машин с гуманитарной помощью, архивное фото
Сотрудник МЧС России во время разгрузки машин с гуманитарной помощью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми ҳашт моҳи охири соли равон Тоҷикистон аз 51 кишвари дунё ба маблағи 37.4 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт намуд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз аввали соли равон то имрӯз ба Тоҷикистон аз 51 кишвари гуногун кумакҳои башардӯстона расонидаанд, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.

Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Кумакҳои башардӯстона давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон баробар ба 37,4 миллион доллар ворид шуданд.

Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод

Дар ҳаҷми умумӣ ҷумҳурӣ зиёда аз 13,5 ҳазор тон кумакҳои башардӯстона аз кишварҳои хориҷ қабул кардааст.

Дар ин муддат ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ, воситаҳои табобатӣ ва ғайра ворид гардидааст.

Тайи  8 моҳи охири соли равон аз ҳама бештар Русия (34,8 дарсад аз ҳаҷми умумӣ) дасти кумак дароз кардааст.

Тоҷикистон аз 38 кишвар кумаки башардӯстона гирифт

Дар ҷойи дуюм Чин 30,7 фисад ва дар мақоми сеюм Швейтсария 8 дарсад қарор гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0